Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Алексей Навалний дар маркази Маскав

Аксу видеоҳои боздошти Алексей Навалний дар Твиттер нашр шуд.
Аксу видеоҳои боздошти Алексей Навалний дар Твиттер нашр шуд.

Мақомоти интизомии Русия Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлатро рӯзи 26-уми март ҳангоми як раҳпаймоӣ дар маркази Маскав дастгир кардаанд. Дар ин бора Роман Рубанов, раиси Фонди зидди фасоди Навалний дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод. Ӯ дар ин раҳпаймоӣ аз мардум даъват кардааст, ки ба зидди фасодкорӣ дар Русия эътироз кунанд.

Роман Рубанов, аксҳо ва видеоҳоеро дар Твиттер нашр кард, ки нишон медиҳад, тарафдорони Навалний кӯшиш мекунанд, пеши роҳи пулисро, ки ӯро зӯран ба мошин савор карданӣ ҳастанд, бигиранд. Пулиси зиддиюриш роҳро барои мошин боз мекунад.

Навалний аз тарафадоронаш мехоҳад, ки “раҳпаймоӣ” ба зидди фасодро бе ӯ ҳам идома бидиҳанд. Мақомоти пулиси Маскав даҳҳо нафарро, ки ба раҳпаймоии беиҷоза ба Майдони Пушкин дар кӯчаи Тверская баромада буданд, дастгир карданд. Дар болои сари онҳо чархбол парвоз мекард. Дар дигар шаҳрҳои Русия ҳам чандин нафар аз тазоҳургаронро дастгир кардаанд.

Тазоҳурот баъд аз он баргузор мешавад, ки Алексей Навалний рӯзи 2-уми март бо нашри як гузорише, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русияро ба он муттаҳам кард, ки бо истифода аз муассисаҳои хайрия ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз афроди сарватманду бонкҳои давлатӣ пули зиёде гирифта ва хона ва дигар моликияти гаронбаҳо харидааст.

XS
SM
MD
LG