Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қорӣ Ёсинро дар Пактикои Афғонистон куштанд


Пактико яке аз вилоятҳои Афғонистон аст,ки ҳузури Толибон онҷо зиёд дида мешавад.
Пактико яке аз вилоятҳои Афғонистон аст,ки ҳузури Толибон онҷо зиёд дида мешавад.

Артиши Амрико таъйид кард, ки дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Афғонистон Қорӣ Ёсин, як раҳбари Ал-Қоида кушта шудааст. Вазорати дифои Амрико гуфт, Қорӣ Ёсинро, ки дар ҳамлаҳои маргбор аз ҷумла ҳалокати ду сарбози амрикоӣ даст дошт, рӯзи 19-уми март нобуд карданд.

Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 25-уми март омадааст, Қорӣ Ёсин аз Балуҷистони Покистон буд ва дар вилояти Пактикои Афғонистон паноҳ мебурд. Қорӣ Ёсин бо созмони Таҳрики Толибон иртибот доштааст ва чандин ҳамлаҳои террористиро тарҳрезӣ кардааст.

Аз ҷумла бомбгузорӣ дар меҳмонхонаи Марриот дар шаҳри Исломободро, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2008 сурат гирифт ва дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз ҷумла Родолфо Родригес ва Метю Брайант, ду афсари амрикоӣ кушта шуданд.

Ҳамла ба автобуси тими крикети Шри Ланка дар шаҳри Лоҳур дар соли 2009 низ кори дасти Қорӣ Ёсин будааст. Дар ин ҳамла 6 маъмури пулис ва ду ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҷим Маттис, вазири дифои Амрико гуфтааст, “Марги Қорӣ Ёсин далели он аст, ки террористоне, ки ҳадафмандона одамони бегуноҳро мекушанд ва исломро бадном мекунанд, подоши амалашонро хоҳанд гирифт.”

XS
SM
MD
LG