Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узрхоҳии Комроншоҳи Устопириён барои рафтораш дар мусобиқаи гуштӣ


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – барои дашном додан дар мусобиқаи гуштӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” расман узрхоҳӣ карад ва гуфт, ки он вақт аз ноадолатии довар ба хашм омада буд. Комроншоҳ рӯзи 25 март бо нашри номаи расмӣ гуфт, "ду-се нафар аз мухлисон дар вақти рафтан ба маросими медалгирӣ ба ман дашном доданд ва ман ҳам дар ғазаб шуда, ҷавоби онҳоро гардондам."

Ин паҳлавони тоҷик гуфтааст, воқеан, чунин рафтори ӯ қобили қабул набуд ва барои ин кораш аз мухлисону тамошобинҳо узр мепурсад. "Ба ҳамватанони азиз итминон медиҳам, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шаъну шарафи Ватану миллатро боло бардошта ва хотири Шуморо шод хоҳам кард", - таъкид намудааст ӯ.

Мусобиқаи гуштии “Ҷоми Пойтахт – 2017” рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” баргузор шуд ва дар рақобати ниҳоӣ дар вазни аз 80 кило боло Комроншоҳи Устопириён бо Саидҷалол Саидов вориди қувваозмоӣ шуд. Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифта буд, Саидҷалол Саидовро баранда эълон кард. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки баъдан Комроншоҳи Устопириён бо ишораи даст дашном медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён соли гузашта бори аввал дар бозиҳои олимпӣ иштирок кард. Ӯ 24 сол дошта, хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва дар вазни то 90 кило рақобат мекунад. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров мебошанд. Феълан бо раҳбарии Владимир Николаевич Елчанинов тамрин мекунад.

Дар Ҷоми Аврупо соли 2013-ум дар Киев (Украина) ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин (2013) дар Хасавюрт (Доғистон) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Алматӣ (Қазоқистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014) ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014) ҷойи аввал, дар чемпионати Осиё дар Кувайт (2015) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи дуюм, дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (Қазоқистон, 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2015) ҷойи дуюмро ишғол кардааст.

XS
SM
MD
LG