Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари мухолифони Беларус пеш аз тазоҳуроти "Рӯзи Озодӣ"


Уладзимир Някляев
Уладзимир Някляев

Уладзимир Някляев – раҳбари мухолифин ва собиқ номзад ба мақоми президенти Беларус – баъди мулоқоташ бо мақомоти лаҳистонӣ ва пеш аз баргузории тазоҳуроти рӯзи 25 март маъруф ба "Рӯзи Озодӣ" боздошт шудааст. Ҳамсараш Олга ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гуфтааст, ки мақомот раҳбари мухолифини Беларусро дар ғарби шаҳри Брест дастгир кардаанд. Вай гуфтааст, Уладзимир аз Лаҳистон меомад ва дар роҳ ба сӯи Минск буд.

Някляев яке аз фаъолони тазоҳуроти зидди қонуни ҷаримаи бекорон дар Беларус буд. Ӯ нақша дошт, ки рӯзи 25 март бо Микалай Статкевич, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ тазоҳуроти “Рӯзи Озодӣ”-ро раҳбарӣ кунад. Статкевич гуфтааст, то ҳанӯз нақша дорад, дар тазоҳуроти “Рӯзи Озодӣ” ширкат кунад, аммо бархе аз ҷонибдорони ӯ аз боздошт шуданаш нигаронӣ доранд.

Эътирози мардум баъд аз он сар зад, ки президент Александр Лукашенко қонуни муҷозоти, ба истилоҳ, “муфтхӯрони ҷамъиятӣ”-ро муаррифӣ намуд ва гуфт, ин нафарон бояд барои бекориашон ҷарима супоранд. Ҳарчанд баъдан президент иҷрои ин қонунро то соли 2018 мавқуф гузошт, мардум ба хиёбонҳо рехта, аз беадолатӣ эътироз карданд.

Гуруҳи дифоъ аз ҳуқуқи башари Беларус "Вясна" (Баҳор) гуфтааст, 130 тан аз фаъолон, ки дар тазоҳурот иштирок кардаанд, барои 15 рӯз боздошт шудаанд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо гуфтанд, пулис рӯзи 25 март ҳангоми тафтиши дафтри ин созмон 57 нафарро бо шумули кормандону меҳмонҳояш боздошт кардаанд.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Александр Лукашенко барои чунин рафтораш бо эътирозгарон шадидан интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG