Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи ҳуқуқи башар: Дар Беларус 130 нафар муҷозот шуданд


Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Беларус гуфт, ки тахминан 130 фаъоле, ки ба нишони эътироз аз қонуни андози муфтхӯрҳо дар хиёбонҳо раҳпаймоӣ карданд, ба мӯҳлатҳои то 15 рӯзи ҳабс маҳкум шуда ҳамакнун наметавонанд дар митингҳои рӯзи 25 март иштирок кунанд. Созмони “Вясна”-и воқеъ дар Минск рӯзи 24 март гуфт, ки боздоштшудаҳо наметавонанд дар таҷлили Рӯзи Озодӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари Беларус иштирок кунанд.

Ҳоло боз мурофиаҳои дигари додгоҳӣ ҳам идома дорад. Дар оғози моҳи март ҳазорҳо фаъоли ҷамъиятӣ ва сокинони Беларус ба нишони мухолифат бо қонуни пешниҳодкардаи президент Аляксандр Лукашенка оид ба муҷозоти ба истилоҳ муфтхӯрҳо ё ҷаримабандии афроди бекор ба эътирозҳои сартосарӣ даст заданд. Дар посух полис фаъолонро боздошту муҷозот ва худи президент Лукашенка Ғарбро дар кӯшиши ташкили бесуботӣ дар ин кишвар муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG