Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо Лё Пен дар Кремлин мулоқот кард


Президент Владимир Путин бо номзади ростгарои президентӣ Марин Лё Пен дар Кремлин мулоқот кард ва гуфт, ки Маскав худаш ҳал мекунад, ки бо кадом сиёсатмадори фаронсавӣ мулоқот барпо кунад. Путин дар мулоқоте, ки 24 март барпо шуд, гуфт, ки Русия ҳадаф надорад, ки ба интихоботи президентии Фаронса, ки қарор аст дар моҳи апрел баргузор шавад, таъсир расонад.

Путин гуфт, ба ҳеҷ сурат ин мулоқот ба маънои таъсиррасонӣ ба раванди сиёсӣ нест, вале Русия худаш ҳал мекунад, ки бо кадом нирӯи сиёсӣ дар ин кишвар дар муошират бошад. Вай гуфт, ки ҳамкорон дар Аврупо ва ИМА ҳам айни чунин ҳақро доранд. Дар мулоқоти аз ин пеши Лё Пен бо аъзои маҷлиси Русия, намояндаи Фаронса ба равобити наздики ду кишвар даъват кард ва гуфт, ки Маскав ва Париж дар муқобили “чолишҳои азими мисли ҷаҳонишавӣ ва фундаментализми исломӣ” қарор доранд.

Лё Пен инчунин тақозо кард, ки таҳримҳои ҳукуматҳои ғарбӣ, ки дар паи ихтилофҳои низомӣ дар Украина ба Маскав бор шудааст, бояд бардошта шавад. Хонум Лё Пен як ҳавохоҳи сиёсати Владимир Путин аст, чун ҳамеша ба зарурати ҳамкориҳои наздики Маскаву Париж даъват кардааст. Вале равобити миёни ӯву Русия баъди он бештар ҷалби таваҷҷӯҳ шуд, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар соли 2014 ҳизби “Ҷабҳаи миллӣ”-и Лё Пен аз як бонки Русия дар ҳаҷми 9,7 миллион доллар қарз дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG