Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон барои пешгирӣ аз ҳомиладорӣ ба Тоҷикистон қариб $2 млн медиҳад


Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои як барномаи пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва танзими оила дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор долар кумак кардааст. Иҷрогари ин барнома дар Тоҷикистон Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид хоҳад.

Зимнан дар оилаҳои муҳофизакор ва мазҳабии Тоҷикистон фарзандро новобаста аз шуморааш ҳамеша «атои Худо» ва манъи ҳомиладориро мухолифи фармудаҳои шариати Ислом медонанд.

Беш аз 700 ҳазор рифола

Пули дарёфткардаашро Бунёди Созмони Милал бар асоси як барномаи дусола барои харидани рифола ва васоили дигари пешрафтаи ҷилавгирӣ аз ҳомиладорӣ барои Тоҷикистон сарф мекунад. Қарор аст, бар асоси барномаи тақвияти банақшагирии оила барои солҳои 2017-2020 беш аз 700 ҳазор нафар бо васоили гуногуни пешгирӣ аз ҳомиладории нохоста таъмин шаванд.

Иҷрои ин барнома дар ҳолест, ки худи ҳукумати Тоҷикистон низ барои танзими оила ва кам кардани мизони таваллуд дар хонаводаҳои тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин росто дар Тоҷикистон барои бори нахуст аз пули буҷет барои харидани маводи пешгирандаи ҳамл маблағ ҷудо шудааст.

Чаҳор фарзанд бас?

Асари ин талошҳои давлати Тоҷикистон дар омор ва тамоюлҳои иҷтимоӣ баръало намудор аст ва занони тоҷик низ ба фарқ аз солҳои қабл ҳоло тарафдори доштани фарзандони зиёд нестанд. Бино ба ҳисобҳои Оҷонсии омор ҳар сол аҳолии Тоҷикистон 2,3 ва ё 2,4 дар сад афзун мешавад, ки дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ нишондоди баландтарин аст. Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад. Тибқи пешбинии ҳукумати Тоҷикистон, аҳолии кишвар дар соли 2019 ба 9 миллиону 245 ҳазор нафар хоҳад расид.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омор, як моҳ пеш гуфта буд, ки баъди роҳандозӣ шудани барномаи танзими оила дар солҳои охир суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон каме поин рафт. Агар то солҳои 1990-ум як зани тоҷик ба ҳисоби миён 6 фарзанд ба дунё мовард, ҳоло як зан ба ҳисоби миёна 4 фарзанд таваллуд мекунад.

Абдувалӣ Қулов
Абдувалӣ Қулов

Занҳо тарафдори танзими таваллуд ҳастанд

Вале аксари занҳое, ки тарафдори танзим шудани таваллуди фарзанд ва ё шумори камтари фарзанд дар оила ҳастанд, далелҳое мисли фишорҳои иқтисодиву пулӣ, бекорӣ, набуди боварӣ ба ояндаи босуботи иҷтимоиву иқтисодии оилаашонро сабаби асосии ин вазъ меноманд. Гурӯҳе ҳаст, ки зиндагии имрӯзаро бо даврони Шӯравии модару падарони худ муқоиса карда мегӯянд, дигар давраҳое гузашт, ки барои таваллуди зиёди фарзанд ҳукумат ба зан подош ва ҳатто нишони «Қаҳрамон-модар»-ро дода, хонаводаҳои серфарзандро бо хона ва даромади пули изофагӣ таъмин мекард.

Давлатмоҳ Давронова, модари ҷавони сокини Душанбе, яке аз онҳост. Вай мегӯяд, бо назардошти вазъи зиндагӣ ва шароит намехоҳад, аз ду фарзанд бештар ба дунё биорад. Вай мегӯяд, "ман ҳам модар ҳастам ва ҳам кори давлатро мекунам. Тарбияи фарзанд ҳам кори осон нест ва бо назардошти ин ҳама нақша дорам, ки танҳо ду фарзанд ба дунё орам."

Роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл - аз 20 то 50 сомонӣ?

Зимнан, ин танҳо Давлатмоҳ нест, ки мехоҳад таваллуди фарзандро танзим кунад. Кам кардани мизони таваллуд дар Тоҷикистон аллакай ба як раванде табдил шудааст, ки онро созмонҳои ҷамъиятӣ низ мушоҳида мекунанд. Мадина Низомова, масъули созмони “Ғамхорӣ” дар Хатлон рӯзи 24 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи иҷрои як барномаи солимии репродуктивии занон онҳо муайян карданд, ки аксарияти занон дигар фарзанди зиёд доштан намехоҳанд. Вай гуфт, “мо дар доираи барномаамон бо занон аз табақаҳои гуногун суҳбат кардаем. Аксари занон, чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳрҳо ҳоло аз ду фарзанд бештар доштан намехоҳанд”.

Ин масъули созмони “Ғамхорӣ” гуфт, дар доираи барномаи амалкардаи онҳо маводи пешгирии ҳамл ба занон ройгон тақсим мешуд. Аммо хонум Низомова гуфт, ҳоло ин гуна мавод ройгон нестанд, ҳарчанд дар дорухонаву бунгоҳҳои тиббӣ вуҷуд доранд:

“Роҳҳои пешгирии ҳамл гуногун аст. Роҳҳои муассири пешгирӣ аз ҳамл вобаста ба навъ ва сифаташон аз 20 то 50 сомонӣ нарх доранд”.

Муҳаққиқ: "Набояд созмонҳои хориҷӣ ба масоили хонаводагӣ дахолат кунанд"

Абдуллоҳи Муҳаққиқ
Абдуллоҳи Муҳаққиқ

Ҳадаф ҳам кумак барои ҳифзи сиҳатии занон ва кам кардани маргу мири кӯдакон дар Тоҷикистон будааст. Бо вуҷуди онки солҳои ахир истифодаи рифолаву васоили дигари ҷилавгирӣ аз ҳомиладории нохоста дар Тоҷикистон роиҷ шудааст, вале гурӯҳҳои муҳофизакор мегӯянд, ба кор бурдани ин васоил ва хосатан таваҷҷуҳ ва кумаки кишварҳои хориҷӣ хилофи манофеи миллии тоҷикон буда метавонад.

Абдуллоҳи Муҳақиқ, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон яке аз онҳоест, ки мавзӯи танзими оиларо хилоф бо арзишҳои миллӣ ва ҳам кӯшиши дахолат ба умури хонаводаҳои суннатӣ мешуморад. Ӯ гуфт, "созмонҳои байналмилалӣ ҳадафҳои худро доранд. Мо бояд ба онҳо такя накунем. Онҳо чӣ кор доранд ба хонаводаҳои мо, бигзор дахолат накунанд. Набояд созмонҳои хориҷӣ ба масоили хонаводагӣ дахолат кунанд, магар онҳо кори дигар надоранд? Ягон тоҷик дар масоили хонаводагии онҳо дахолат карда метавонад?"

Зимнан дар оилаҳои муҳофизакор ва мазҳабии Тоҷикистон фарзандро новобаста аз шуморааш ҳамеша «атои Худо» ва манъи ҳомиладориро мухолифи фармудаҳои шариати Ислом медонанд.

Коршиносон мегӯянд, масъалаи пешгирии ҳамл, таваллуди фарзанд ва танзими оила аз қабили масоили ахлоқӣ аст ва аз ҳамин хотир ҳам ҳассосияти бархе ба ин мавзӯъ ба таври рӯшан эҳсос мешавад.

XS
SM
MD
LG