Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми дабири кулли Созмони Милал бо ашъори Носири Хусрав


Антонио Гутеррес
Антонио Гутеррес

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз гуфтааст, "Наврӯз ба ёди ҳама меоварад чӣ муштаракоте дорем ва, ҳамчунин, таъкиде аст бар ғанӣ будани гуногуниҳои миёни мо."

Антонио Гутеррес рӯзи 21 март дар Ню-Йорк шеъре аз Носири Хусравро хондааст, ки бо байти "Омад баҳору навбати саҳро шуд, В-ин солхӯрда гетӣ барно шуд" оғоз ёфт. Ӯ сипас бо ишора ба дигар бахшҳои шеъри Носири Хусрав монанди "Доди хирад бидеҳ, ки ҷаҳони эдун, Аз баҳри ақлу адл муҳайё шуд." ё "Дониш гузину сабр талаб зеро, доро ба сабру дониш доро шуд", аз аҳамияти дониш сухан гуфтааст.

Оқои Гутеррес мегӯяд, Наврӯз фурсате аст то дар мавриди якдигар ва ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекунем, омӯхтаҳои бештареро касб кунем. Дабири кулли СММ афзудааст, ки Наврӯз фурсате аст, то дар он паймони худ ба сулҳ, дӯстӣ, ҳуқуқи башар ва каромати инсонро нав бикунем.

Паёми ЮНЕСКО

ЮНЕСКО -- ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид низ дар паёме ба муносибати фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонӣ хостори эҳтиром ба табиат шудаааст. Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2010 ба ин сӯ, 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълон кард.

Ирина Бокова, раиси ЮНЕСКО рӯзи 21 март дар паёме гуфтааст, дар замонае ки чолишҳои ҷаҳонии мухталифе вуҷуд дорад, монанди ифротгароӣ, Наврӯз манбаи итминонбахш аст, ки ба ҳама тааллуқ дорад: "Бо рақс, шеър, овоз ва шеваҳои дигари иҷтимоӣ. Ҷашни Наврӯз барои ҳар зану мард, духтар ва писар, фурсате барои эҳтиром гузоштан ба табиат аст ва умед ба ояндаи беҳтар".

Наврӯз мероси фарҳангӣ аз Аврупо то Осиё

Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 300 миллион нафар дар саросари ҷаҳон, аз кишварҳои Балкан ва атрофи баҳри Сиёҳ, Осиёи Марказӣ, нимҷазираи Ҳинд, Ховари Миёни ва дигар минтақаҳои ҷаҳон, беш аз се ҳазор сол аст, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд.

Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2009 Наврӯзро ба "Феҳристи мероси фарҳангӣ" шомил кард, ҳадаф аз он посдории мероси фарҳангӣ ва башар аст.

XS
SM
MD
LG