Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Фононбонк" дар азхудкунии маблағҳо гумонбар шуд


Додситонии вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ нисбати Балхиёр Замиров, раиси филиали “Фононбонк” дар ин вилоят парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дороб Асозода, додситони вилояти Бадахшон рӯзи 20 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Замиров дар чаҳорчӯби моддаи 245, қисми ("азхудкунӣ ва ё сарфи маблағҳо дар ҳаҷми калон") боздошт шуд. Ба гуфтаи Асозода, гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии вилояти Бадахшон гуфт, аз рӯи ин парванда “санҷиш таъйин шуда, тафтиш ҷараён дорад”. Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир масъулони Бонки миллӣ тафтиш мегузаронанд ва дар муддати 10 рӯз ҳаҷми маблағ муайян мешавад. Дар ҳоле, ки додситони вилоят аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин қазия худдорӣ кард, як манбаи огоҳ аз парванда аз додситонии вилоят ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси “Фононбонк” ба номи 20 нафар аз 20 то 50 ҳазор доллар қарзи бонкӣ (кредит) сабт кардааст.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, худи ин муштариён ё одамон гуфтаанд, ки ин қарзи бонкиро нагирифтаанд. Ин манбаъ инчунин гуфт нисбати Балхиёр Замиров як парвандаи дигар аз сӯи идораи мубориза бо фасод ба додгоҳ фиристода шудааст, ки дар он сарнавишти 600 ҳазор сомонӣ ҳаллу фасл мешавад. Ба гуфтаи манбаъ баррасии он аллакай шурӯъ шуда ба хотири ҷашни Наврӯз мурофиаи ин парванда таътил шудааст.

XS
SM
MD
LG