Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон ва Русия барои ҳамкориҳои наздиктар дар соҳаи иқтисод ва амният тааҳҳуд карданд. Дар поёни мулоқоти якрӯзаи вазирони хориҷаи Ҷопону Русия - Фумио Кишида ва Сергей Лавров ва вазирони дифоъ - Томоми Инада ва Сергей Шойгу рӯзи 20 март дар Токио, ки бо номи “музокироти ду ба ду” муаррифӣ шуд, як нишасти матбуотӣ ҳам барпо гардид. Мулоқоти ду ҷониб дар шароите гузашт, ки дар паи озмоиши силоҳҳои баллистикии Кореяи Шимолӣ дар обҳои Ҷопон, шиддати таниш дар минтақа рӯ ба афзоиш овардааст. Вазири хориҷаи Ҷопон Фумио Кишида дар нишасти матбуотӣ дар ин замина гуфт:

“Мо ба тавофуқ расидем, ки аз Кореяи Шимолӣ қотеона тақозо кунем, ки аз иқдомҳои нави таҳрикдиҳанда худдорӣ ва мутобиқ бо қатъномаҳои СММ амал кунад. Мо ба ҳамкории наздик, аз ҷумла дар чаҳорчӯби СММ омода ҳастем ва аз роҳи баррасиҳои дӯстонаву ҳамкориҳои наздик ба пеш ҳаракат хоҳем кард”.

Дар музокироти мақомоти русу ҷопонӣ мавзӯи бӯҳрони Украина ҳам матраҳ шуд. Ҷопон дар миёни он кишварҳое буд, ки баъди ишғоли нимҷазираи украинӣ дар соли 2014 тарафдори ҷорӣ кардани таҳрим нисбати Маскав шуд. Дар оғози гуфтугӯҳо Сергей Лавров хостори “бархӯрди муштарак” ба масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шуд. Тавре интизор мерафт, дар ин музокирот кадом қароре дар масъалаи ҷазираҳои баҳсӣ ҳосил нашуд. Ҳарду ҷониб бахше аз ҷазираҳои воқеъ дар шимоли Ҳоккайдоро моли худ мешуморанд – Русия ин қаламравро Курили Ҷанубӣ ва моли худ ва Ҷопон ҳам ин қаламравро Манотиқи Шимолӣ ва аз они худ мешуморад. Ин ҷазираҳо ҳанӯз дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби артиши Шӯравӣ ишғол шуда, монеи имзои созиши расмии сулҳ миёни ду кишвар шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG