Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар даври севуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин аввалин ғалабаи “Панҷшер” ва дувумин бохти “Вахш” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон мебошад.

Дар бозии “Панҷшер” бо “Вахш”, ки 19 март дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, голи ягонаро Сорбон Авғонов дар замони иловакардаи сардовари бозӣ (90+3) ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ки се бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 18 март баргузор шуда буд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа - «Ҳосилот»-и Фархор - дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор аз дастаи мизбон - «Барқчӣ» - бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Зимнан, ин нахустин пирӯзии “Барқчӣ” ва аввалин бохти “Ҳосилот” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бозии дигар миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 15-уми дидор Дилшод Бозоров, бозигари “Хуҷанд”, тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда натавонист. Баъди зарбаи ӯ тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳам бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ба ин тартиб, дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Ҳосилот«-и Фархор бо 6 имтиёз аз се бозӣ дар зинаи аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 5 имтиёз дар зинаи дувум қарор доранд. «Истиқлол» бо 4 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷойи севум аст.

Ҳамакнун дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба иллати баргузории бозиҳои тими миллии кишвар 23 март бо мунтахаби Баҳрайн ва 28 март бо дастаи Яман ду ҳафта таваққуф мешавад. Бозиҳои даври чоруми мусобиқа рӯзҳои 1-2 апрел барпо мегарданд. Дар даври навбатӣ «Панҷшер» бо ССКА «Помир» (1 апрел), «Барқчӣ» бо «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳосилот» (2 апрел) рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Бозии даври 3-юм

«Вахш» – «Панҷшер» – 0:1

Гол: Сорбон Авғонов, 90+3.

Огоҳонида шуданд: Холмурод Назаров, Хуршед Бекназаров («Вахш»), Абдухалил Боронов, Сорбон Авғонов, Алишери Ҳотам («Панҷшер»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

19 март. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

3

2

0

1

6-3

6

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

2

0

2-1

5

3

«Истиқлол» (Душанбе)

2

1

1

0

6-0

4

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

3-2

4

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

3

1

1

1

2-4

4

6

«Барқчӣ» (Ҳисор)

3

1

0

2

2-8

3

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

0

2

0

0-0

2

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

3

0

1

2

0-3

1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум

1 апрел (шанбе)

Оғози бозӣсоати 16:00

«Панҷшер» ССКА «Помир»

2 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Барқчӣ» «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» «Ҳосилот»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG