Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои амниятии Фаронса гуфтанд, ки рӯзи 18 март як ҳамлагар дар пайи гирифтани силоҳи сарбозе дар фурудгоҳи Орлии Порис бо зарби тир кушта шудааст. Баъд аз ин ҳодиса, фурудгоҳ баста ва ҳамаи мусофирон ба берун бароварда шудаанд. Бино ба хабарҳо, анҷоми парвоз дар ин фурудгоҳ низ муваққатан боздошта шудааст. Вазорати умури дохилии Фаронса гуфт, ҳоло нирӯҳои вижа ба фурудгоҳ рафтаанд, то бибинанд, ки фарди ҳамлагар бо худ маводи тарканда дошт, ё не. Номи ҳамлагар ва ангезаи ҳуҷуми ӯ маълум нест. Ҳамлаи ба ин монанд моҳи гузашта дар музей ё осорхонаи Луври пойтахти Фаронса рух дода буд. Дар ду соли ахир, Фаронса шоҳиди чанд ҳамлаи террористӣ буд, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ё ин гурӯҳ дар содир кардани ҳамин амалҳо муттаҳам гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG