Пайвандҳои дастрасӣ

Фоиза Ҳошимӣ – духтари президенти собиқи Эрон зиндонӣ шуд


Фоиза Ҳошимӣ

Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки Фоиза Ҳошимӣ – духтари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, президенти собиқи Ҷумҳурии Исломӣ, ба шаш моҳи зиндон маҳкум шудааст. Вебсайти "Калима" рӯзи 17 март навишт, Ҳошимӣ ба таблиғ алайҳи низом ва дурӯғпароканӣ алайҳи қувваи қазоия ва сипоҳи посдорон айбдор мешавад. Вай 21 рӯз муҳлат дорад, ки аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ барад. Фоиза Ҳошимӣ дар соли 2012 низ ба хотири таблиғ алайҳи низом ба ним соли ҳабс маҳкум шуда буд. Ин тозатарин иқдом алайҳи як узви ислоҳталабон пеш аз баргузории интихоботи президентии Эрон аст. Интихобот 19 май баргузор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG