Пайвандҳои дастрасӣ

Тиллерсон: Таниш дар шибҳаҷазираи Куриё ба марҳилаи хатарнок расидааст


Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷӣ ё котиби давлатии Амрико

Рекс Тиллерсон – вазири умури хориҷии Амрико – баъди мулоқот бо ҳамтои чиниаш дар Пекин гуфт, ки таниш дар шибҳаҷазираи Куриё "ба марҳилаи хатарнок расидааст" ва ваъда дод, ки ИМА дар якҷоягӣ бо Чин аз ҳамагуна низои минтақа ҷилавгирӣ хоҳад кард. Тиллерсон дар охирин нуқтаи сафараш ба Осиёи Шарқӣ, ки бо нигаронӣ аз амалкардҳои Куриёи Шимолӣ ҳамроҳ буд, рӯзи 18 март ба Чин рафт. Вай аз ин пеш гуфта буд, дар сурати афзоиши таҳдид аз тарафи Куриёи Шимолӣ, эҳтимоли шурӯи амалиёти низомӣ баррасӣ мешавад. Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп низ дар Твиттер аз “рафтори хеле бади” Куриёи Шимолӣ навишт. Рекс Тиллерсон гуфт, сиёсати, ба қаҷвли ӯ, “сабри стратегӣ” ба охир расидааст ва Вашингтон дар посух ба барномаҳои силоҳи ҳастаӣ ва баллистикии Куриёи Шимолӣ дар фикри чораҳои нави дипломатӣ, иқтисодӣ ва низомӣ нисбат ба Пхенян мешавад. Дар сафари дурӯзааш Тиллерсон бо раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин низ мулоқот анҷом хоҳад дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG