Пайвандҳои дастрасӣ

ҲСДТ сафашро аз афроди дорои душаҳрвандӣ тоза мекунад


Акс аз бойгонӣ

Раёсати Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон эълон кард, ки аъзои ин ҳизбро дубора сабтином мекунад. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, рӯзи 18 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин маърака то охири моҳи апрел сурат гирифта, онҳое, ки ҳаққи шаҳрвандии кишварҳои дигарро ба даст овардаанд, аз сафи ҳизб берун хоҳанд шуд.

Ба қавли Зоиров, тақрибан 70 дар сади аъзои ҳизби онҳо, аз ҷумла қисме аз раҳбарони дафтари ҳизб дар ноҳияҳо дар муҳоҷиратанд ба бояд дубора сабтином шаванд. "Гуруҳе аллакай шаҳрвандии Русия ва Қазоқистонро гирифтаанд. Ин афрод дубора сабтном нахоҳанд шуд. Инчунин, он аъзои ҳизб, ки барои истиқомати доимӣ аз Тоҷикистон берун рафтаанд, дигар ҳамчун узви ҲСДТ ба қайд гирифта намешаванд", - шарҳ дод ӯ.

Қарор буд, ки дар нимаи дувуми моҳи марти имсол анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии Ҳизби сотсиал – демократ баргузор шавад. Аммо Раҳматилло Зоиров гуфт, ин анҷуман баъд аз ҳисобу китоби аъзояш дар моҳи июн сурат мегирад. Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бо тақрибан 12 ҳазор узваш яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст, ки расман фаъолият дорад. Коршиносон мегӯянд, аммо тақрибан ду сол боз ин ҳизби мухолиф аз худ камтар дарак дода, саҳнаи сиёсатро холӣ гузоштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG