Пайвандҳои дастрасӣ

Урдун, Фаластин ва Бангладеш рақибони Тоҷикистон эълон шуданд


Акс аз бойгонӣ

Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё - 2018 маълум шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "Е" бо дастаҳои Урдун, Фаластин ва Бангладеш рақобат мекунад.

Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 17 март дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – сурат гирифт, 40 даста ба 10 гурӯҳи баробар тақсим шуданд. Дастаҳо дар ду минтақа - Шарқӣ ва Ғарбӣ - мусобиқа мекунанд.

Бозиҳои сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “Е” аз 19 то 23 июл дар Фаластин барпо мегарданд.

Ба сабқати ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин баргузор мешавад, ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Чин дар сабқати интихобӣ бидуни озмун иштирок менамояд ва агар дар гурӯҳи худ мақоми аввал ва ё миёни дастаҳои ҷойҳои дувумро ишғолнамуда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин панҷум шавад, он гоҳ дастаи шашуми мақоми дуюм ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ дода мешавад.

Натиҷаи қуръакашии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола чунин аст:

Минтақаи ғарбӣ
Гурӯҳи «А»: Эрон, Умон, Қирғизистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гурӯҳи «В»: Ироқ, Арабистони Саудӣ (мизбон), Баҳрайн, Афғонистон.
Гурӯҳи «С»: Қатар (мизбон), Сурия, Ҳиндустон, Туркманистон.
Гурӯҳи «D»: Имороти Мутаҳидаи Араб (мизбон), Узбакистон, Лубнон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Тоҷикистон, Фаластин (мизбон), Бангладеш.

Минтақаи шарқӣ
Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянмар (мизбон), Сингапур, Бруней.
Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, (мизбон), Лаос, Тайван, Ҳонконг.
Гурӯҳи «Н»: Тайланд (мизбон), Индонезия, Малайзия, Муғулистон.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам (мизбон), Тимори шарқӣ, Макао.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Чин (мизбон), Камбоҷа, Филиппин.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG