Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сӯхтор дар яке аз утоқҳои Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони кишвар – хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳодиса соати ҳафтуними субҳи 18 март рух дода, зуд хомӯш карда шудааст. Дар вазорат гуфтанд, "сӯхтор дар утоқи қабули шаҳрвандон, ки дар шафати ҳуҷраи кории раиис Маҷлиси Намояндагон воқеъ мебошад, ба амал омадааст." Тафтишоти муқаддамотӣ иллати сар задани сӯхторро “гармшавии ноқили компютерҳо” номидааст. Мақомоти Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва хулосаи ниҳоӣ дертар эълон хоҳад шуд. Бинои Маҷлиси Намояндагон дар маркази пойтахт воқеъ аст. Қаблан мақомот гуфтанд, ки дар ҷои бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбе ва Вазорати кишоварзӣ бинои нави порлумон сохта хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG