Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург дароз шуд


Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербург мӯҳлати боздошти Фарҳод Нурматов – шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро то охири моҳи апрел дароз кардааст. Нурматов моҳи январи имсол дар фурудгоҳи "Пулково" бо гумони ифротгароӣ боздошт шуда буд.

Додгоҳи шаҳри Киров рӯзи 17 март гуфт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ташкили "ячейкаи" "Ҳизби Таҳрир" дар Санкт-Петербург муттаҳам аст ва таҳқиқи парвандааш ҳанӯз ба поён нарасидааст. Бино ба гузориши расонаҳои Русия, Андрей Хориков – вакили дифои Фарҳод Нурматов – аз додгоҳ хостааст, ки нафари таҳти ҳимояташро то замони ироаи парванда ба додгоҳ аз боздошт раҳо кунад. Чун, ба гуфтаи ӯ, Фарҳод Нурматов омӯзгори забон ва адабиёти рус буда, маълумоти олӣ дорад ва наметавонад ба ҷараёни баррасии парвандааш таъсир гузорад.

Аз соли 2014 то кунун дар Санкт-Петербург 9 тан бо иттиҳоми робита бо «Ҳизби Таҳрир» боздошт ва муҳокима шудаанд. Шаш гумонбари дигар ба узвият дар «Ҳизби Таҳрир» моҳи ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Додгоҳи олии Русия ин созмонро соли 2003 мумнӯъ эълон кард ва онро як ҳизби террористӣ арзёбӣ мекунад.

Фаъолияти «Ҳизби Таҳрир» дар саросари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳам мамнӯъ аст. Ин созмон дар пайи иттиҳоди ҳамаи давлатҳои мусалмонӣ ва бунёди хилофати исломӣ аст, аммо мегӯяд, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз шеваи мусолиматомез кор мегирад.

XS
SM
MD
LG