Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба соҳибони 16 фурӯшгоҳи назди Терминали мусофиркашонӣ, воқеъ дар маркази шаҳр, мӯҳлат додааст, ки то се рӯзи дигар мағозаҳоро холӣ ва биноро чаппа кунанд. Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб сабаби ин тасмимро "риоя нашудани қоидаҳои сохтмон" ва "ҷавобгӯ набудани бино ба талаботи меъморӣ" номиданд.

Соҳибони мағозаҳо гуфтанд, дар сурате ки ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад, маҷбур ҳастанд, дари ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бикӯбанд.

Пӯлод Ҳафизов – муовини шаҳрдори Кӯлоб – рӯзи 17 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд дар лоиҳаи сохтмон иштибоҳ шудааст, аммо ба ин соҳибмулкон замини баробарарзиш дода хоҳад шуд.

"Дар лоиҳа хато шудааст ва гунаҳкор ҷавоб медиҳад. Аммо дар ҳолати тахриб, ба соҳибони мағозаҳо замин ҷудо карда мешавад", - афзуд ӯ.

Ба қавли Пӯлод Ҳафизов, соҳибони мағозаҳое, ки умдатан қисмҳои эҳтиётии худрав ё мошинҳоро мефурӯшанд, чанд рӯз пеш дар ин замина огоҳӣ гирифтаанд. Амирхон Абдураҳимов, соҳиби яке аз ин фурӯшгоҳҳо, рӯзи 17 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, муовини шаҳрдори Кӯлоб онҳоро дар робита ба тахриби фурӯшгоҳашон огоҳ кардааст. Аммо нигаронии ин тоҷир аз он аст, ки дӯконро бо пули калоне ба даст овардааст ва намедонад ҷубронашро кӣ ва чӣ гуна хоҳад дод?

"Ҳозир дар инҷо 16 мағоза ва як ошхона ҷойгир аст. Як моҳ қабл гуфта буданд, ки мағозаҳо аз инҷо бояд бардошта шаванд, вале мо ҳуҷҷат карда, ин мағозаҳоро қонунӣ кардем. Ҳоло ба мо се рӯз муҳлат доданд, ки аз инҷо бикӯчем ва бинои фурӯшгоҳҳоро чаппа кунем", - афзуд ӯ. Қувваталӣ Раҳмонов, соҳибмулки дигар, мегӯяд, ҳамаи соҳибони мағозаҳо дар даст ҳуҷҷат доранд, аммо шаҳрдории Кӯлоб инро ба назари эътибор намегирад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Вай мегӯяд, «мо ба дастгоҳи иҷроияи президент мактуб фиристода будем. Ҳоло ҷавобашро гирифтем, ки ба шаҳрдорӣ супориш шудааст, масъаларо дида барояд. Аммо инҳо ба ҷои ҳалли масъала ҳушдор доданд, ки то се рӯз бояд ҷои корамонро холӣ кунем. Ростӣ, барои обод кардани ин мағоза аз чанд бонк қарз гирифта будам ва дар сурати вайрон кардан пули маро кӣ медиҳад? Мо ин мағозаҳоро низ соли 2014 бо қарори раиси шаҳр ва ҳоло вакили порлумон Абдуғафор Раҳмонов гирифта будем.»

Зимнан, 16 фурӯшгоҳе, ки ҳамакнун шаҳрдории Кӯлоб мехоҳад, тахриб кунад, соли 2014 дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳр бо қарори ҳукумати маҳаллӣ сохта шудаанд. Аммо, ба гуфтаи соҳибони мағозаҳо, ҳар кадоме дар гузашта ин дӯконҳоро бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ, муодили 25 ҳазордолларӣ, харида будаанд.

Соҳибони ин мағозаҳо мегӯянд, дар ҳолати тахриб шудани мағозаҳояшон даҳҳо нафар бе ҷои кор монда ва ҳамин тавр даҳҳо нафари дигар аз нони хӯрдан хоҳанд монд. Ҳарчанд мақомоти шаҳрдорӣ мегӯяд, барои соҳибони фурӯшгоҳҳо дар маҳалли дигаре қитъаи замин дода шуда ва хисороти ворида ҷуброн хоҳад шуд, аммо соҳибони фурӯшгоҳҳо мутмаин нестанд, ки ҳукумати шаҳри Кӯлоб битавонад маблағи зарари онҳоро сад дар сад ҷуброн намояд.

Ҳамакнун соҳибони ин мағозаҳо мегӯянд, дар сурате ки ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад, маҷбур ҳастанд, дари ниҳодҳои марбутаи қонун ва ҳатто дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бикӯбанд. Кӯлоб саввумин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон аст ва аз минтақаҳоест, ки ҳанӯз замони Шӯравии пешин рушди чашмгире накарда буд. Ҳоло бештари сокинонаш рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва тиҷорат овардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG