Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иномҷон Усмонхоҷаев – раҳбари пешини Узбакистон даргузашт


Иномҷон Усмонхоҷаев
Иномҷон Усмонхоҷаев

Иномҷон Усмонхоҷаев – собиқ котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Узбакистон – дар 87-солагӣ даргузаштааст. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Усмонхоҷаев рӯзи 17 март дар манзилаш дар Фарғона ҷон дод. Усмонхоҷаев аз соли 1983 то 1988 раҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбакистон буд. Додгоҳ ӯро соли 1989 бо ҷурми фасод, машҳур бо номи "парвандаи пахтаи Узбакистон", ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Вай соли 1990 аз маҳбас озод шуд, вале доғи судӣ ва ҷурми фасодро бекор накарданд. Иномҷон Усмонхоҷаев баъд аз марги Ислом Каримов, ки соли 1989 ӯро дар мақоми раҳбарӣ иваз карда буд, аз ҷурми фасодкорӣ пок шуд. Усмонхоҷаев рӯзи 8 декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ӯ номеаро аз Додгоҳи олӣ дарёфт кард, ки бар пояи он ҷурми фасодкорӣ дар робита ба "парвандаи пахта" лағв шудааст. Маъракаи зидди фасод дар Узбакистон миёнаҳои соли 1980 дар ҷараёни ислоҳоти раҳбари Шӯравӣ Михаил Горбачев оғоз шуд ва 800 таҳқиқоти ҷиноиро дар Узбакистону Русия фаро гирифт.

XS
SM
MD
LG