Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон аз "тадбирҳои низомӣ"-и зидди Кореяи Шимолӣ гуфт


Ҳангоми боздиди Тиллерсон аз Панмунйом, рустое воқеъ дар макони амне дар марзи ду Корея, сарбози Кореяи Шимолӣ аз пушти шиша сурати ӯро мегирифт. 17 марти соли 2017
Ҳангоми боздиди Тиллерсон аз Панмунйом, рустое воқеъ дар макони амне дар марзи ду Корея, сарбози Кореяи Шимолӣ аз пушти шиша сурати ӯро мегирифт. 17 марти соли 2017

Котиби департаменти давлатии Амрико Рекс Тиллерсон гуфт, ки дар сурати афзоиши таҳдид аз сӯи Кореяи Шимолӣ, эҳтимоли шурӯи амалиёти низомӣ баррасӣ мешавад. Зимни суханрониаш дар Сеул рӯзи 17 март Тиллерсон гуфт, ки сиёсати “хомӯшии стратегӣ” дигар тамом шуд ва Вашингтон дар посух ба барномаҳои силоҳҳои ҳастаӣ ва баллистикии Кореяи Шимолӣ дар фикри эҷоди тадбирҳои нави дипломатӣ, иқтисодӣ ва низомӣ дар нисбати Пхенян мешавад.

Тиллерсон гуфт: “Агар онҳо таҳдиди барномаҳои таслеҳотии худро то ба ҳадде боло баранд, ки мо чораандеширо зарур шуморем, пас чунин баррасиҳо аллакай ҷараён дорад”.

Тиллерсон дар суханронии худ инчунин аз истиқрори системаи дифои мушакии Амрико дар Кореяи Ҷанубӣ ҳимоят кард. Ин иқдоми Вашингтон ғазаби Чин ва Кореяи Шимолиро ба бор овардааст. Тиллерсон гуфт, ки Вашингтон тарафдори шурӯи низои мусаллаҳона нест, вале рафтори Кореяи Шимолӣ, ки ҳамсояҳояш ва ё ИМА-ро таҳдид мекунад, “посухи муносиб” дарёфт хоҳад кард. Ин суханҳоро Тиллерсон баъди боздид аз як минтақаи орӣ аз силоҳ, ки ду Кореяро аз ҳам ҷудо мекунад, баён кард. Зимни суханронии аз ин пешаш дар Токио Тиллерсон гуфт, ки баъди ду даҳсолаи талошҳои ноком барои халъи силоҳи Кореяи Шимолӣ, тадбирҳои нав барои расидагӣ ба ин масъала зарур аст. Ӯ инчунин таъкид кард, ки Кореяи Шимолӣ ва мардуми ин кишвар набояд аз ИМА ҳарос дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG