Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдиду рушд


Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 17 март бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдиду рушд мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳри Душанбе, дар ин мулоқот ҳайати Бонки аврупоии таҷдиду рушдро Талай Асилбеков раҳбарӣ мекард ва ҷонибҳо дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои шаҳрдории Душанбе ва БАТР, гуфтугӯ карданд. Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо аз ҷумла ба ҳамкорӣ дар бахшҳои гармидиҳӣ, хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ, тоза кардани кӯчаҳо, партовҳо, обтаъминкунӣ таъкид кардаанд.

Ин дувумин мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо намояндагони ҳайатҳои хориҷӣ пас аз интихоб шуданаш ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе аст. Рустами Эмомалӣ чанд рӯз қабл бо сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард низ мулоқот карда буд. Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз намуд, ки аз 19 сол ба ин тараф дар ин мақом фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG