Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти даҳҳо беларусӣ барои эътироз аз қонуни "муфтхӯрҳо"


Дар Беларус додгоҳҳои маҳаллӣ даҳҳо ширкатдори эътирозҳои зидди қонуни муфтхӯрҳоро ҷаримабандӣ ва ё ба мӯҳлати то 15 рӯз ҳабс карданд. Дар шаҳрҳои Могилев ва Гродний дар миёни муҷозотшудаҳо фаъолони ҷамъиятӣ ҳам ҳастанд. Рӯзи 15 март беш аз 2000 нафар ба нишони эътироз аз муқаррароти аз ҷониби президент пешниҳодшуда оид ба ҷаримандии ба истилоҳ муфтхӯрон ё бекорон, раҳпаймоӣ карданд. Дар пай мақомот ба ҳабсу боздошти раҳбарони мухолифон, журналистон даст заданд ва ин амали онҳоро ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо маҳкум карданд. Шурӯъ аз рӯзи 1 март дар саросари Беларус беш аз 150 нафар боздошт ва даҳҳо тани онҳо ба ҳукми то 15 рӯзи ҳабс ҳам муҷозот шуданд. Ҳатто баъди он ки рӯзи 9 март Аляксандр Лукашенка гуфт, иҷрои ин қонуни нав бояд то соли 2018 мутаваққиф шавад, эътирозҳои хиёбонӣ хотима наёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG