Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши мошини бомбгузоришуда дар Хост ҷони як сарбозро гирифт


Як мақом гуфт, ки дар наздикии пойгоҳи артиш дар шарқи Афғонистон бар асари таркиши маргталаби бомбгузор як сарбоз кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Акбар Задрон, раиси як вулусволӣ дар вилояти шарқии Хост гуфт, ки Толибон мошини ҳомили маводи мунфаҷираро дар рӯбарӯи пойгоҳи низомӣ дар вулусволии Сабарӣ рӯзи 17 март тарконданд. Дар паи ин як рӯёрӯии яксоата бо ҷангиёни Толибон шурӯъ шуд ва дар натиҷаи он, ба қавли Задрон, ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд.

Ба гуфтаи вай, таркиш чунон пурқудрат буд, ки ба хонаву як мактабе, ки дар наздикии ин маҳал ҷойгир аст, асар кард. Бо пахши изҳороте Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯши худ гирифтанд. Ҳафтаи гузашта ҳам Толибон ба як пойгоҳи ҳавоие дар Хост, ки дар марз бо Покистон ҷойгир аст, ҳуҷум карданд. Дар ин ҳодиса ҳарсе ҳамлагар кушта шуд. Ҳамлаи рӯзи 17 мартро дар Афғонистон ҳамчун шурӯи ҳуҷумҳои баҳории Толибон арзёбӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG