Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми зане, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро нозарур хонда буд


Идораи нашрияи "Народная газета" дар бинои "Шарқи Озод", маъруф ба ГЖК ҷойгир аст

Идораи нашрияи "Народная газета" дар бинои "Шарқи Озод", маъруф ба ГЖК ҷойгир аст

Маҳбуба Камолова, як масъули Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки ду соли қабл вуҷуди Ҳизби коммунистро нозарур хонда буд, сардабири нашрияи "Народная газета" таъин шудааст. Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 17 март содир гардид. "Народная газета" дар баробари "Ҷумҳурият" ва "Садои мардум" нашрияи расмӣ буда, аз ҳисоби буҷа таъмини молӣ мешавад. Номи Маҳбуба Камолова ду соли пеш дар робита ба изҳори назараш дар бораи нозарур будани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ӯ дар як мусоҳибааш дар Оҷонси давлатии иттилоотии “Ховар” гуфт, барои вуҷуди ин ҳизб дар кишвар зарурате намондааст. Баъдан Маҳбуба Камолова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин изҳорташро шарҳ дод ва гуфт, дар охири солҳои 1990-ум интихобкунандагон бо хотираҳое, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ доштанд, ба ҳизби коммунист овоз додаанд. Вале баъди имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 мамлакат ба марҳилаи нав ворид шуд ва ин тарафдоронашро гум кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG