Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ба иқтисоди Украина 600 миллион евро кӯмак кард


Комиссиюни Аврупо розӣ шуд, ки ба иқтисоди дучори мушкили Украина дар ҳаҷми 600 миллион евро кӯмак ихтисос диҳад. Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуд, ки талаби бекор кардани манъи содироти чӯбу тахтаро аз Украина нармтар карда ин пулҳоро барои тағйири ин сиёсат равона кунад. Муовини президенти Комиссиюни Аврупо Валдис Домбровскис рӯзи 16 март гуфт, ки Украина бо вуҷуди ҷанге, ки дар қаламраваш идома дорад, тавонист вазъи иқтисодашро ба эътидол оварад. Шарте, ки ҳоло кӯмаки пулӣ ҷудо шудааст, ин аст, ки иқтисоди Украина бояд навсозӣ ва корҳои бештар дар амри раҳоӣ аз фасод анҷом шавад. Ҳаҷми умумии қарзи Иттиҳодияи Аврупо ба Украина, ки аз соли 2014 ҳисоб мешавад, 2,8 миллиард евроро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG