Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба собиқ мушовири Кохи Сафед пул додааст


Путин ва Флинн дар навои телевизиони RT. 10 декабри соли 2015
Путин ва Флинн дар навои телевизиони RT. 10 декабри соли 2015

Санадҳои аз ҷониби як конгрессмени демократ нашршуда иддао мекунад, ки собиқ мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Майкл Флинн пеш аз интихоботи президентии Амрико аз ширкатҳои русӣ 67 ҳазор доллар пул гирифтааст. Элиҷа Куммингз (вакили Мериланд) аз маъмурияти Трамп талаб кард, ки сабтҳои қобили эътимоди равобити Флиннро бо ҳукумат ва ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод кунад. Флинн аз телевизиони давлатии “RT”-и Русия моҳи декабри соли 2015 пеш аз шурӯи кораш ба ҳайси мушовири расмии амниятии Трамп 33.750 ҳазор доллар дарёфт кардааст. Кумингз гуфт, ки муомилаҳои пулии Флинн бо телевизиони русӣ бо қонуни конститутсионӣ оиди манъ будани подошгирӣ аз як ҳукумати хориҷӣ дар ихтилоф аст. Куминнгз ҳамаи инро ба ҳангоми муаррифии ҳуҷҷатҳои исботкунандаи амалҳои Флинн дар Кумитаи маҷлиси намояндагони ИМА оид ба назорат аз ислоҳоти ҳукуматӣ баён дошт. Трамп моҳи гузашта Флиннро аз мақомаш барканор кард ва гуфт, ки генерал-лейтенант бо сӯҳбатҳояш бо сафири Русия дар ИМА ба мақомот иттилои иштибоҳӣ додааст.

XS
SM
MD
LG