Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистону Қазоқистон низоми будубошро барои сокинони якдигар осон мекунанд


Порлумони Қирғизистон дар қироати севум созишнома дар бораи низоми будубоши шаҳрвандони Қирғизистон ва Қазоқистонро дар кишварҳои якдигар ба тасвиб расонд.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон иттилоъ дод.

Бар пояи ин созишнома, шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд дар Қазоқистон бидуни қайди маҳалли будубош то 30 рӯз бимонанд. Пештар онҳо 5 рӯз ҳақ доштанд.

Ин ҳақ ба шаҳрвандони Қазоқистон низ ҳангоми ҳузур дар Қирғизистон дода мешавад.

Созишномаи мазкур баъд аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар ҳар ду кишвар ба иҷро хоҳад даромад. Он моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон имзо шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG