Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври севуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 18-19 март бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд. Се бозӣ рӯзи шанбе ва як бозӣ рӯзи якшанбе барпо мегарданд.

Ба иттилои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, рӯзи 18 март дар Душанбе ду бозӣ сурат мегирад. Нахуст ССКА «Помир» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ соати 14:00 оғоз меёбад. Дар ин рӯз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ мекунад. Ин дидор соати 17:00 шуруъ мешавад.

Зимнан, бозӣ миёни тимҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол», ки бар асоси тақвими бозиҳои мусобиқаи лигаи олӣ мебоист дар шаҳри Турсунзода баргузор шавад, бо маслиҳати ҳарду даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад. Бозии давраи дуюм байни ин дастаҳо 17 июн дар шаҳри Турсунзода, дар варзишгоҳи «Талко-Арена», доир хоҳад шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст.

Инчунин рӯзи шанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 бозӣ миёни дастаи мизбон - «Барқчӣ» ва «Ҳосилот»-и Фархор оғоз меёбад.

Даври севуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 19 март бо бозӣ байни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба поён мерасад. Ин бозӣ дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15:00 шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки баъди ду даври мусобиқа дар ҷадвал «Ҳосилот«-и Фархор бо 6 имтиёз дар зинаи аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 4 имтиёз дар зинаи дувум қарор доранд. «Истиқлол» бо 3 имтиёз аз як бозӣ дар ҷойи севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

2

2

0

0

5-1

6

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

1

0

2-1

4

3

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

6-0

3

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

3-2

3

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

1

0

0-0

1

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2

0

1

1

0-2

1

7

«Панҷшер» (Балхӣ)

2

0

1

1

1-4

1

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

0

0

2

0-7

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 2-тӯбӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

18 март (шанбе)

Оғози бозӣсоати 14:00

ССКА «Помир» – «Хуҷанд»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Оғози бозӣсоати 17:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Оғози бозӣсоати 18:00

«Барқчӣ» – «Ҳосилот»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

19 март (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 15:00

«Вахш» – «Панҷшер»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG