Пайвандҳои дастрасӣ

Нависанда ва мунаққиди адабӣ Атахон Сайфуллоев субҳи 17 март бар асари сактаи қалбӣ дар сини 84-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд, маросими видоъ бо Атахон Сайфуллоев имрӯз соати 12 дар назди манзилаш доир мешавад. Доктори илмҳои филологӣ, адабиётшинос Атахон Сайфуллоев дар соли 2014 барои китоби «Уфуқҳои нави наср" барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ шуда буд. Ӯ дар гузашта ба унвони мудири шӯъбаи нақд ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG