Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд ба Тошканд бармегардад


Сумо Чакраборти

Сумо Чакраборти

Президенти Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар як сафари серӯзааш ба Ӯзбакистон роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои миёни ин ниҳоди молӣ ва Тошкандро баррасӣ мекунад. Музокироти президенти бонк Сумо Чакрабортӣ бо мақомоти баландпояи Ӯзбакистон рӯзҳои 15 то 17 март дар Тошканд баргузор мешавад. Равобити миёни Ӯзбакистон ва Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар паи мушкилоти марбут ба вазъи ҳуқуқи башар ва адами омодагии ҳукумати Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбакистон ба роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ шадидан маҳдуд шуда буд. Баъди маҳдуд шудани барномаҳои кории ин бонк дар Ӯзбакистон дар соли 2004, соли 2007 фаъолияти он дар ин қаламрав комилан қатъ шуд. Чакрабортӣ бо пахши изҳороте гуфт, ки умедвор аст, дар амри тавсеаи ҳамкориҳои ин бонк бо Ӯзбакистон музокироти созандае барпо хоҳад шуд. Ӯ гуфтааст, ки дар меҳвари музокирот масоили марбут ба мухобироту ҳамоиш, маблағгузории ширкатҳои хурду миёнаи тиҷоратӣ, тарҳҳои муҳитзистӣ ва дигарҳо қарор доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG