Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаҳои муштараки кории Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе


Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержии Тоҷикистон.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержии Тоҷикистон.

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак оид ба нафту газ ва нишасти дувуми гурӯҳи кории муштарак оид ба энержӣ ва зерсохтор миёни Тоҷикистон ва Покистон рӯзи 16 март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтугӯҳо вазири энержӣ Усмоналӣ Усмонзода ва ҷониби Покистонро Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири энержии он кишвар раҳбарӣ карданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба нафту газ байни ду кишвар, ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар ин бахш, таъсис додани корхонаҳои муштарак ва омодан намудани мутахассисонро баррасӣ кардаанд. Дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи дувуми гурӯҳи кории муштарак оид ба энержӣ ва инфрасохттор, ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳо оид ба татбиқитарҳи КАСА-1000, суҳбат кардаанд. Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар ин мулоқот ҳамчунин имконияти сохтмони хати интиқоли барқи иловагии 500 кВ «Тоҷикистон-Покистон», мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG