Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар Бишкек моликияти вакили "Ота Макон"-ро ҳабс кард


Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон" дар боздошт аст

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон" дар боздошт аст

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек ба ҳабси моликияти хусусии вакили ҳизби сиёсии “Ота Макон” Таалайгул Токтакунова амр дод. Қарори додгоҳ рӯзи 16 март ба дасти вакили дифоъ супурда шуд. Ӯ гуфт, ки дар қарори додгоҳ ҳукми ҳабси ду хона, се мошин ва ду қитъаи замин зикр шудааст. Ҳуқуқшинос гуфт, ки дар сурати ба иҷро даромадани ин қарор, баъди фурӯши моликияти ӯ ба соҳибаш бояд 10 миллион сом маблағ пардохт шавад. Дар додгоҳ ҳам ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ ин ҳукмро тасдиқ карданд.

Рӯзи 1 март дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек ҳуқуқшиносони ҳизб иддао карданд, ки гӯё санадҳои тасдиқкунандаи моликияти президент ва ҳамсараш будани борҳои ҳавопаймои "Боинг-747"-ро дар ихтиёр доранд. Ин ҳавопаймо рӯзи 16 январ дар рустои Дачи Суи канори Бишкек суқут кард ва дар натиҷа, 35 сокини русто ва чор халабони ҳавопаймо ҷони худро аз даст доданд. Додситонии кулли Қирғизистон аз болои ҳуқуқшиносони ҳизби “Ота Макон” барои ҳифзи шаъну эътибори президент ба додгоҳ шикоят кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG