Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Туркия барои тарки созишномаи муҳоҷират бо ИА


Дар пасманзари авҷгирии ҷангҳои лафзии миёни Анкара ва Брюссел, вазири хориҷаи Туркия рӯзи 15 март ҳушдор дод, ки созишномаи марбут ба коҳиши мавҷи муҳоҷирон ба Иттиҳодияи Аврупоро тарк мекунад. Соле пеш, вақте Аврупо дар умқи бӯҳрони муҳоҷират қарор дошт, Туркия дар масъалаи гирифтани пеши роҳи ҳаракати муҳоҷирон ба сӯи Юнон бо Иттиҳодияи Аврупо созиш кард. Ин созиш сабукиҳоро дар гирифтани визаи сафари туркҳо ва узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо, инчунин 6 миллиард доллар кӯмак барои муроқибати муҳоҷирони дар ҳудуди Туркия мондаро дар назар мегирифт.

Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Канал 24”-и Туркия гуфт, ки ҳоло Анкара ин созишро бозбинӣ мекунад ва агар бубинад, ки Аврупо масъулиятҳои худро иҷро намекунад, ин созишномаро тарк хоҳад кард. “Мо ин созишномаро ба таври якҷониба тарк карда метавонем. Ҳама чиз дар дасти худи мо аст”, гуфт Човушоғлу. Вай ба унвони далел гуфт, ки ҳоло масъалаи пардохти маблағҳо ва ҳам сафарҳои бидуни виза ҳал ва иҷро нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG