Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши харҷи дипломатҳо ва муҳити зист дар буҷаи нави Амрико


Доналд Трап, президенти ИМА рӯзи 16 март нақшаи буҷаи ин кишварро барои соли 2018 муаррифӣ кард, ки бахши хароҷот ба кумакҳои хориҷӣ, Департаменти давлатӣ ва барномаҳои муҳитзистиро ба фоидаи афзоиши хароҷоти низомӣ шадидан кам кардааст. Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 15 март хабар дод, ки дар тарҳрезии хароҷоти буҷаи соли оянда маъмурияти Кохи Сафед аз рӯи тааҳҳуди президент Доналд Трамп дар бораи “авлавият ба Амрико” амал карда, хароҷоти Департаменти давлатӣ ва Оҷонсии ҳифзи муҳити зистро мутаносибан то 28 ва 31 дар сад коҳиш додааст. Коҳиши буҷаи Департаменти давлатӣ дар ҳаҷми 10,9 миллиард доллар ба таври амиқ ба бахши кӯмакҳои башарӣ, тахсиси грантҳои байнисоҳавӣ ба созмонҳои мисли Бонки ҷаҳонӣ ва барномаҳои муҳитзистии СММ асар хоҳад кард.

Хабаргузории Ройтерс менависад, ки бо амри Трамп маблағгузории тахминан 50 барномаи муҳитзистӣ ҳам қатъ мешавад. Айни замон, барномаи маблағгузории амнияти иҷтимоӣ ва беҳдошт барои калонсолон дар ҳаҷми 3,8 триллион доллар бетағйир мемонад. Хароҷоти низомӣ то 10 дар сад афзоиш меёбад ва барои таъмини амнияти дохилӣ ва бунёди девор бо Мексика афзоиши харҷҳо дар ҳаҷми 6.8 дар сад пешбинӣ шудааст.

Дар шарҳи хароҷоти буҷа, Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки хароҷоти Департаменти давлатӣ дар гузашта “корсоз” набуд. Зимни сӯҳбат дар Токио рӯзи 16 март вай ба ҳимоят аз коҳиши хароҷоти ин ниҳод сӯҳбат кард. Тиллерсон гуфт, ки то имрӯз ин ниҳод бо ҳаҷми азими хароҷот кор мекард, вале дар асли бо “пулҳои аз ин камтар” мешавад ба натиҷаҳои бештар даст ёфт. Барои Департаменти давлатӣ ва USAID – Оҷонсии рушди ИМА - 28 дар сади коҳиши буҷа, яъне дар ҳуҷуди 25,6 триллион доллар дар соли 2018 пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG