Пайвандҳои дастрасӣ

Жан-Клод Юнкер: Интихоботи Ҳолланд - раъйи Аврупо зидди тундгароӣ буд


Нахуствазири Ҳолланд Марк Рутте дар интихоботи парлумонии рӯзи 15 марти ин кишвар бар рақиби аслиаш – сиёсатмадори зиддиисломӣ Герт Вилдерс дастболо шуд. Рутте дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар натиҷагирӣ аз раъйдиҳӣ гуфт, сокинони Ҳолланд бо ин раъйи худ ба «популизми иштибоҳӣ не гуфтанд». Вай гуфт, ки кишвар аз роҳи пешгирифтааш пас намегардад ва ба самти суботу шукуфоӣ ҳаракат хоҳад кард. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, ҳизби ростгарои «Барои озодӣ ва демократия»-и Рутте аз 150 курсии парлумон - 33 ҷойро ба даст овардааст. Ҳарчанд ин натиҷа назар ба соли 2012, ки ҳизби Рутте 41 ҷойро соҳиб шуда буд, камтар аст, вале боз ҳам бештар назар ба натиҷаҳои пурсишҳои афкори умум аст. Ҳизби миллатгарои Вилдерс 20 курсиро соҳиб шуд.

Натиҷаҳои интихоботро аллакай бархе раҳбарони аврупоӣ истиқбол карданд. Аз ҷумла, Жан-Клод Юнкер, президенти Комиссиюни Аврупо пирӯзии нахуствазирро “раъйи Аврупо ва раъйи зидди тундгароӣ” номидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG