Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия ба ОМ 6,7 миллиард доллар кӯмак кардааст


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфтааст, ки кишвараш ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар давоми 10 соли гузашта дар ҳаҷми 6,7 миллиард доллар, аз ин миқдор – 4 миллиард доллар кӯмаки бебозгашт кардааст. Сергей Лавров дар ин бора дар мусоҳибааш бо маҷаллаи "Международная жизнь" хабар додааст. Вай гуфтааст, ки кӯмакҳои бебозгашти Русия ба кишварҳои минтақа аз роҳи СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва сохторҳои дигар тақдим шудааст. Лавров гуфтааст, ки ин маблағҳо барои мубориза бо фақру бебизоатӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф, экология ва амнияти ғизоӣ равона шудааст. Вай гуфтааст, ки дар давоми солҳои 2013-2016 маблағгузории Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи Барномаи ҷаҳонии ғизо 65 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG