Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ду афсари ФСБ-ро ба рахнагарӣ айбдор кард


Вазорати адлияи ИМА ду афсари Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ)-ро дар рахнагарӣ ва дастрасии ғайриқонунӣ ба саҳифаи 500 миллион корбари Yahoo дар соли 2014 айбдор кард. Ин бори нахуст аст, ки дар Амрико мансабдорони русро ба ҷиноятҳои киберӣ айбдор мекунанд.

Ба ҷуз ду афсари ФСБ, зидди ду рахнагар низ айб эълон шудааст. Расонаҳои Амрико мегӯянд, ин айбномаҳо ба дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи моҳи ноябри ИМА рабт надорад. Аз афсарон Дмитрий Докучаев ва Игор Сушин ном бурда шудааст, ки ҳар ду дар шуъбаи тафтишоти ҷиноятҳои киберии Хадамоти амнияти Русия кор кардаанд.

Докучаев моҳи декабр дар шаҳри Москва бо гумони хиёнат ба давлат ва додани иттилоъ ба Идораи марказии тафтишоти Амрико боздошт шудааст. Гумонбари дигар Алексей Беланро низ солҳои 2013 ва 2014 дар Невада ва Калифорния ба ҳамлаҳои марбути низоми электронӣ айбдор кардаанд.

Бино ба хабарҳо, ӯро дар Юнон ҳатто ҳабс низ кардаанд, вале баъдан тавонистааст ба Русия баргардад ва ҳоло зери ҳимояти мақомот қарор дорад. Аз рахнагари дигар Карим Баротов ном бурдаанд, ки дар Қазоқистон ба дунё омада, шаҳрвандии Канадаро дорад. Рӯзи сешанбе ӯро мақомоти Канада дастгир карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG