Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти давлатии Сурия хабар дод, ки дар натиҷаи таркиши як маргталаб дар дохили додгоҳе дар пойтахт, шаҳри Димишқ 25 нафар кушта шудааст. Оҷонсии расмии SANA гуфт, марде рӯзи 15 март маводи мунфаҷираро дар дохили Қасри адлия, додгоҳи марказии шаҳри Димишқ ба кор андохт. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, инчунин шумори муайяни мардум маҷрӯҳ шудаанд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки дар паи як таркиши дугона рӯзи 11 март дар Димишқ 40 нафар кушта шуд. Масъулияти ин ҳамларо як созмони вобаста ба шабакаи террористии Ал-Қоида ба ӯҳда гирифт. Дар давоми шаш соли ҷангҳо дар Сурия, ки аз эътирози зидди ҳукумати президенти Башор Асад шурӯъ шуд, 300 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар беҷо шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG