Пайвандҳои дастрасӣ

24 нафар барои ҳамла ба бемористони Кобул дастгир шуданд


Як манбаи расмӣ дар Афғонистон гуфт, ки мақомот 24 нафар, аз ҷумла, як генерали артишро дар робита бо хунукназарӣ дар ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба бемористони низомии бузургтарини Кобул дастгир кардаанд. Генерал Ҳилолуддин Ҳилол, муовини вазири дифоъ рӯзи 15 март гуфт, ки ин нафарон дар робита бо ҳамлаи маргбори мусаллаҳон ба бемористони Сардор Муҳаммадхон, ки рӯзи 8 март рух дод, боздошт шудаанд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтанд. Дар он ҳодиса афроди мусаллаҳ бо либоси духтурӣ дар тан ба бемористон ворид шуда, ба сӯи табибон ва беморон оташ кушоданд. Шумори қурбониҳо аз 30 то 50 нафар будааст. Муовини вазири дифоъ гуфт, ки афроди боздоштшуда аз рӯи моддаи “хунукназарӣ ба ҳангоми иҷрои масъулиятҳояшон” дар амри таъмини амнияти кори бемористон посух хоҳанд дод. Баъди ин ҳодиса, мақомоти интизомиву амниятии Афғонистон ҳарчи бештар зери бори интиқод қарор гирифтанд, ки натавонистанд пеши роҳи ҳамлаи хунинро дар як муассисаи тиббии низомӣ бигиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG