Пайвандҳои дастрасӣ

Украина иртиботи нақлиётӣ бо ҷудоиталабонро қатъ кард


Шӯрои амнияти миллии Украина ҳама иртиботи нақлиётӣ бо манотиқи зери назари ҷудоиталабони Донбассро қатъ кард. Қаблан чунин пешниҳод аз забони раиси ҷумҳурии Украина Петро Порошенко садо дода буд. Қарор то замоне амал мекунад, ки, ба қавли Порошенко, “корхонаҳои дуздидашударо ба ихтиёри Украина барнагардонанд”. Ба таври истисноӣ ба маконҳои зери назари ҷудоихоҳон мошинҳои ҳомили кӯмаки башарии Украина ва созмонҳои байналмилалӣ иҷозат дода мешаванд.

Инчунин Шӯрои амнияти миллии Украина ба Бонки миллӣ ва хадамоти амнияти Украина амр дод, ки дар давоми як шабонарӯз пешниҳоди таҳрими намояндагиҳои бонкҳои русӣ дар ин қаламравро таҳия кунанд. Ин қарор баъди он қабул шуд, ки “Сбербанк”-и Русия гуфт, нафаронеро, ки шиносномаҳои ба истилоҳ шаҳрвандии "ДНР" ва "ЛНР"-ро нишон медиҳанд, бипазиранд.

Аз рӯзи 1 март ҷумҳуриҳои худхондаи Донбасс дар корхонаву конҳои марбут ба ҳукумати Украина - маъмурияти худро таъйин карданд. Баъди ду рӯзаш ҷудоихоҳон гуфтанд, ки Киевро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор медиҳанд. Онҳо гуфтанд, ки баъди ин ба манфиати бозори Русия кор хоҳанд кард. Рӯзи 18 феврал президенти Русия Владимир Путин қароре содир кард, ки санадҳои сокинони манотиқи ҷудоихоҳи Украинаро эътироф мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG