Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туск ҳарфҳои Эрдуғонро дар бораи Ҳолланд "дур аз воқеият" хонд


Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск гуфт, ки иттиҳомоти Туркия дар бораи он ки дар Ҳолланд “фашизм” вуҷуд дорад, комилан дур аз воқеият аст. Баъди он ки мақомоти Ҳолланд пеши роҳи ду вазири ҳукумати Туркияро аз ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Роттердами Ҳолланд гирифтанд, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳукумати ин кишвари аврупоиро дар фашизм муттаҳам кард. Вазирони туркӣ ният доштанд, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар ҳамоиши турктаборони маҳаллӣ иштирок кунад ва пуштибонии худро аз тағйири конститутсияи Туркия намоиш диҳанд. Мақомоти маҳаллӣ бо далелҳои амниятӣ ба баргузории ин ҳамоиш иҷозат надоданд. Туркия рӯзи 16 апрел ният дорад раъйпурсии тағйири сарқонуни ин кишварро баргузор кунад, ки ба гуфтаи мунаққидон, салоҳиятҳои Эрдуғонро дар мақоми аввали ин кишвар тақвият медиҳад.

Дар ҷаласаи Парлумони Аврупо Туск рӯзи 15 март гуфт, ки “шаҳри Эразмус аз ҷониби артиши нозӣ комилан хароб карда шуд ва мири ин шаҳр зодаи Марокаш аст. Агар нафаре дар Роттердам нишонаҳои фашизмро бубинад, пас ӯ комилан аз воқеият дур аст”. Вай гуфт, ки Ҳолланд як бахши Аврупо аст ва “Аврупоро мешавад Ҳолланд номид, маконе, ки озодӣ ва демократия ҳукмфармо аст”.

Изҳороти мазкур дар рӯзе садо дод, ки Ҳолланд интихоботи парлумонӣ барпо мекунад ва ин раъйгириро бисёриҳо ҳамчун як “имтиҳони Ҳолланд дар мавзӯи пазириши муҳоҷирон ва эҳсосоти бадбинӣ дар нисбати онҳо” арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG