Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии зани австралиягӣ аз дасти одамрабоён дар Афғонистон


Ҳукуматҳои Афғонистон ва Австралия гуфтанд, ки як кормандони созмони имдодрасони австралӣ, ки соли гузашта ба гарав гирифта шуда буд, озод гардид. Ин зан, ки исмаш нашр намешавад, моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул рабуда шуд. Муҳаммад Солим Алмос, раиси гурӯҳи ҷиноии тафтишотӣ дар Кобул гуфт, ки ин зан шоми 14 март ба сафоратхонаи Австралия супурда шуд. Бо пахши изҳороте департаменти умури хориҷии Австралия рӯзи 15 март ин хабарро тасдиқ кард. Ҳодисаҳои гаравгонгирии мардум, аз ҷумла афғонҳои сарватманд ва хориҷиҳо, ки маъмулан бо ҳадафи гирифтани пул анҷом мешавад, як таҷрибаи маъмулии гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҷангҷӯ дар Афғонистон аст.

Чандин имдодрасон дар Афғонистон моҳҳои охир ҳамингуна ба дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтодаанд. Моҳи августи соли гузашта ҳам Кетрин Ҷейн Уилсон, як корманди созмони имдодрасони Австралия бо кӯмаки нирӯҳои вижаи Афғонистон аз дасти одамрабоён озод шуд. Ӯ дар шаҳри шарқии Ҷалолобод рабуда шуда буд. Аз моҳи августи соли гузашта то ба имрӯз Тимоти Викс, як профессори австралиягии Донишгоҳи амрикоии Афғонистон ва ҳамкори амрикоии дигари ӯ ҳанӯз дар боздошт ҳастанд ва бори охир моҳи январи имсол дар як навори видеоии Толибон дида шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG