Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Итолиё ба иҷрои ӯҳдадориҳояш дар баробари минтақаи Балқон


Ангелино Алфано аз чап ва вазири хориҷаи Албания - Дитмир Бушатӣ - аз рост

Вазири хориҷаи Итолиё аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки дар амри ҳамоиши босуръаттари кишварҳои Балқон бо ғарб ва муқобила бо эҳсосоти миллатгароии авҷгиранда дар ин минтақа ӯҳдадориҳояшро беҳтар иҷро кунад. Албания, Сербия, Македония, Черногория, Боснияву Ҳерсоговина ва Косово дар марҳилаҳои мухталифи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд. Ихтилофҳои ахири байни ин кишварҳо ва таниш дар равобити сиёсиашон садди роҳи узвияти бархе аз онҳо дар ин иттиҳодия шудааст.

Ангелино Алфано, вазири хориҷаи Итолиё рӯзи 14 март зимни боздид аз Албания гуфт, ки кишварҳои Балқон “на танҳо барои Итолиё, балки барои тамоми Аврупо аҳамияти стратегӣ доранд”. Вай гуфт, ки хатари бесуботӣ дар кишварҳои Балкан афзоиш меёбад ва ин чиз метавонад натиҷаҳои то имрӯз ба дастомадаро зери суол барад. Вазир гуфт, ки дар шароити имрӯза, Иттиҳодияи Аврупо бояд нақши худро ба ҳайси шарики аслӣ дар минтақа таъкид кунад ва як паёми маҳкаме барои ҳамкорӣ ва пойбандӣ ба ӯҳдадориҳояш ба тамоми кишварҳои минтақаи Балқон бифиристанд. Рӯзи 12 июл дар Итолиё ҳамоиши Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои ғарби Балқон баргузор мешавад.

Баробар бо сафари вазири хориҷаи Итолиё ба Албания, садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо нахуствазири Сербия Александр Вучич рӯзи 14 март масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ кард. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ дар як сафараш ба Балқон талош кард раҳбарони ҳукуматҳои ин минтақаро мутақоид созад, ки алорағми нияти тарки иттиҳодия кардани Бритониё, аз ҳамоиш бо ин созмони иборат за 28 кишвари узв даст накашанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG