Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон дар шароити сахти амниятӣ нуфусшуморӣ ё шумориши аҳолии кишварро барпо мекунад, ки нахустин бор дар қариб 20 соли охир баргузор мешавад. Раҳбари маъракаи нуфусшуморӣ Осиф Баҷво гуфт, ки ҳисобу китоби аҳолӣ то 15 май идома мекунад. Барои нахустин бор дар саволномаи маъракаи нуфусшуморӣ муҳоҷирони афғон, ки шуморашон 1 миллион нафар тахмин зада мешавад ва инчунин афроди дуҷинсӣ ҳам ворид карда шудаанд.

Фаридуддин Мустафо, як масъули маъракаи нуфусшуморӣ дар Карочӣ гуфт:

“Мо аз мардум даъват мекунем, ки дар ин маърака ва дар амри додани иттилоъ дар бораи вазъи худ самимона ва боз ҳамкорӣ кунанд. Мо мехоҳем, ки тамоми маълумоти бадастомада ҳақиқӣ ва воқеӣ бошад. Ин маълумот баъдан дар таъйини буҷаи федеролии вилояти Синдҳ мусоидат мекунад”.

Гурӯҳҳои нуфусшуморро 200 ҳазор сарбоз ҳамроҳӣ карда, бо онҳо хона ба хона мегарданд ва пурсиш анҷом медиҳанд. Покистон кишвари шашуми серҷамъият дар сайёра аст ва аз рӯи охирин нуфусшуморӣ аҳолиаш 180 миллион нафар ҳисоб шуда буд. Бовар меравад, ки шумори ҷамъияти ин кишвар аз 200 миллион нафар афзудааст. Талошҳои гузашта барои анҷоми пурсиши сартосарӣ ба далелҳои амниятӣ имконнопазир буд. Дар Покистон бархе гурӯҳҳои ситезаҷӯву шӯришие амал мекунанд, ки зидди ҳукумати ин кишвар ва ҳам аққалиятҳои мазҳабӣ фаъолият мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG