Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ. Мақомҳои нави Зевар Давлатзода ва Носир Саидов. ВИДЕО


Дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бар пояи тағйироти рӯзи 15 март, Зевар Давлатзода аз мақоми раиси телевизиони "Сафина" озод ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст. Бо қарори нави ҳукумат, Носир Саидов раиси телевизиони "Сафина" гардид. Саидов то ин дам раҳбари "Тоҷикфилм" буд.

Раҳбарони се шабакаи давлатии телевизион иваз шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

Садриддин Шамсуддинзода мудири телевизиони "Ҷаҳоннамо" ва Субҳиддин Шамсиддинзода мудири нави телевизиони "Тоҷикистон" таъин шудаанд. Инчунин, Сахидод Раҳматуллозода – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ – директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо, Қудрат Давлатзода - раиси Донишкадаи молия ва иқтисод, Муъмин Шарифзода - ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, Ҳамидуллохон Фақеров – ректори Донишкадаи давлатии тиҷорат, Ҷамшед Ҷӯрабоев – ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Хайриддин Идиев - Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Бино ба хабари дафтари матбуоти Тоҷикистон, тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳукумати Душанбе сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG