Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомӣ як сокини шаҳри Истаравшанро ба гумони қатли ҳамсараш боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин марди 62-сола рӯзи 9-уми март бо ҳамсараш муноқиша намуда ва ӯро буғӣ карда куштааст. Манбаъ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки ин мард ба ҳадафи руйпӯш намудани ҷиноят, ба наздикон ва ҳамсояҳояш гуфтааст, ки гӯё ҳамсараш бар асари фишори баланд фавтидааст. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ташхис дар ҷасади ин зан нишонаҳои марги маҷбурӣ, шикастани қабурғаҳо, изи бастани роҳи нафас, хароша ва хунравии зиёдро муайян кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки додситонии шаҳри Истаравшан дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз карда ва тафтишот идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG