Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мард ба иттиҳоми қатли модару духтар дар Душанбе


Як марди 34-солаи сокини Душанбе дар робита ба куштори як зан ва духтараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади як зани 56-сола ва духтари 34-солаашро, ки сокинони ноҳияи Синои пойтахт будаанд, рӯзи 11 март аз манзили истиқоматиашон пайдо карданд. Ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар робита ба ин ҳодиса як марди 34 -сола боздошт шудааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG