Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон "Дордой”-и Қирғизистонро шикаст дод


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2017 дар гурӯҳи “D” бар тими «Дордой»-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ 14-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид.

Ҳисобро ҳимоятгар Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 17-ум боз намуд. Вай тӯби ба назди дарвозаи меҳмонон ҳавододаи ҳамдастааш Дмитрий Барков, легионери русиягиро, бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд. Баъд аз панҷ дақиқа боз як ҳуҷуми мизбонон бо гол анҷомид. Тӯби дувумро ба дарвозаи “Дордой” Ҷаҳонгир Алиев ворид кард. Дар нимаи дуюми дидор ҳисоб тағйир наёфт.

Дастаи “Дордой” аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ (1:0, 1:1) муқобили “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ғолиби плей-офф шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 роҳ ёфтааст.

Довари ФИФА Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан Ал-Ҳаммадии 35-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) сардовари бозӣ, Ҷассим Муҳаммад аз Қатар нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари бозӣ буданд.

Дар даври дуюми мусобиқаи гурӯҳи “D”, ки рӯзи сешанбеи 4 апрел барпо мегардад, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон - «Истиқлол» - дар меҳмонӣ бо тими «Олтин Асир»-и Туркманистон рақобат мекунад. “Дордой” бошад, дар ин рӯз дар майдони худ бо тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, рӯбарӯ хоҳад шуд.

Зимнан, дастаи “Дордой” аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ (1:0, 1:1) муқобили “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ғолиби плей-офф шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 роҳ ёфтааст.
“Дордой”, қаҳрамони нӯҳкаратаи Қирғизистон, дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ шудааст.

Ҷоми AFC-2017

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

«Истиқлол (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 2:0

Голҳо: Дэвид Мавутор, 17 (1:0). Ҷаҳонгир Алиев, 22 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Артём Барановский, Дэвид Мавутор, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Восиев, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 90+1), Дмитрий Барков.

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев

«Дордой» (Бишкек, Қирғизистон): Валерий Кашуба, Егор Потапов, Курсанбек Шератов, Ислом Шамшиев, Бекҷон Сагинбоев (Мирбек Аҳмадалиев, 54), Ғайрат Жиргалбек уулу, Павел Сидоренко (Даниэл Тэго, 46), Бактай Талайбек уулу, Ғайрат Колбаев, Алишер Азизов (Одил Бекболотов, 76), Авазбек Откеев.

Сармураббӣ: Мурод Ҷумъакеев

Огоҳонида шуданд: Дэвид Мавутор («Истиқлол»), Ғайрат Жиргалбек уулу, Бактай Талайбек уулу («Дордой»).

Беҳтарин бозигар: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан Ал-Ҳаммадӣ (ИМА).

Нозири доварон: Ҷассим Муҳаммад Ал-Хаил (Қатар).

Комиссари бозӣ: Тох Сен Ни (Малайзия).

14 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 16 500 тамошобин.

“Олой” (Қирғизистон) – “Олтин Асир” (Туркманистон) – 1:2

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)

“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG