Пайвандҳои дастрасӣ

Мавсими даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон шурӯъ шуд


Мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Дар ин бора рӯзи 14 март фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир гардид. Дар фармон таъкид шудааст, сарбозоне, ки мӯҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро то моҳи апрел ё майи имсол ба поён мерасонанд, рухсат шуда, ба ҷойи онҳо ҷавонони аз 18 то 27-сола ҷалб карда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, амр додааст, ки “раисони шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо комиссариатҳои ҳарбӣ “даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ” ба роҳ монанд. Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG